ИҚТИБОС
АЗ СУРАТҶАЛАСАИ РАЁСАТИ КОМИССИЯИ ОЛИИ АТТЕСТАТСИОНИИ НАЗДИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
аз 25 феврали соли 2021 №2 ш. Душанбе
Оид ба асолати диссертатсияҳо
Раёсати Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба асолати диссертатсияҳо,
қарор мекунад:
- Диссертатсияҳое, ки асолаташон аз 75% (бо назардошти то 15% иқтибосҳои саҳеҳ) паст (автореферати диссертатсия на кам аз 80% (бо назардошти то 15% иқтибосҳои саҳеҳ)) мебошад, бе баррасии шӯроҳои экспертии самти илмҳои мазкур аз шуъбаҳои аттестатсионии Комиссия ба ҳимояи такрорӣ баргардонида шаванд.
- Барои баррасии хулосаҳои манфии барномаи “Антиплагиат”, ба диссертатсияҳое, ки асолаташон аз 75% (бо назардошти то 15% иқтибосҳои саҳеҳ) паст (автореферати диссертатсия на кам аз 80% (бо назардошти то 15% иқтибосҳои саҳеҳ)) мебошад, комиссияи дохилиидоравӣ таъсис дода шавад.
- Иҷроиши қарори мазкур аз 1 марти соли 2021 ба роҳ монда шавад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи шӯъбаҳои аттестатсионии дахлдори Комиссия вогузор карда шавад.
Раис А. Розиқзода
Котиби илмӣ Ш. Бозоров