27 январи соли 2023 соати 12.00 дар Шурои муштараки диссертатсионии 6D.КОА-057 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Институти геология, сохтмони ба заминҷунбӣ тобовар ва сейсмологияи АМИТ (Буни Ҳисорак, шаҳраки донишҷӯён, бинои таълимии №17, факултети геологияи ДМТ, ауд. 102) ҳимояи диссертатсияи Ятимов Содиқ Бақохоҷаевич дар мавзуи «Нуқра дар конҳои скарниву полиметаллии Қарамазори Ғарбӣ» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои геология ва минералогия аз рӯйи ихтисоси 25.00.11 – Геология, ҷустуҷӯ ва иктишофи канданиҳои фоиданоки сахт, минерагения баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии донишгоҳ бо нишонии 734025, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

12:01, 30th November 2022
«  Ноябр 2022  »
ЯДСЧПҶШ
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930