ТАВАҶҶУҲ!

17-18 декабри соли 2020 дар толори маҷлисҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат дар мавзӯи «Системаи иттилоотию хизматрасонии Комиссияи олии аттестатсионӣ» баргузор гардид.

Дар кори он котибони илмии шӯроҳои диссертатсионӣ ва котибони илмии шӯроҳои олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмию таҳқиқотии ҷумҳурӣ иштирок доштанд.

Дар семинар-машварат муовини раиси КОА профессор Комилиён Ф.С. оид ба вазъи кунунии шӯроҳои диссертатсионӣ ва доир ба беҳтар гардонидани кори онҳо суханронӣ карда, дар бораи роҳҳои бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда ибрози назар намуд. Сипас, мутахассиси соҳаи ТИК Ёров М.Р. дар мавзӯи «Амсилаи компютерии системаи иттилоотию хизматрасонии Комиссияи олии аттестатсионӣ» маърӯза карда, ҳозиринро бо тарзи истифодаи системаи мазкур шинос намуд. Дар муҳокимаи маърӯзаҳо аҳли нишаст фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

00:57, 17th June 2021
«  Май 2021  »
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031