22 сентябри соли 2020 соати 10:00 дар толори маҷлисҳои Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат оид ба баррасии вазъи маҷалаҳои тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Дар он муовинони ректорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муовинони директорони муассисаҳои илмии ҷумҳурӣ ва дигар масъулон иштирок доштанд.

Дар семинар-машварат муовини раиси КОА профессор Комилиён Ф.С. дар мавзӯи вазъи кунунии маҷалаҳои тақризшаванда суханронӣ карда дар бораи ҳусну қубҳи маҷаллаҳо ва роҳҳои бартарафсозии камбудиҳои мавҷуда ибрози назар намуд.

Дар муҳокимаи маърӯза аҳли нишаст фаъолона иштирок намуда, ба саволҳои худ ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Семинар-машварат соати 12:00 ба кори худ хотима дод.

 

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

11:11, 23rd October 2020
«  Октябр 2020  »
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
25262728293031