Бозоров Шарифҷон Эмомалиевич – котиби илмии Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», номзади илмҳои кишоварзӣ.

Бозоров Ш.Э. баъди хатми мактаби таҳсилоти умумии ба номи Зайнаббибии ноҳияи Рӯдакӣ соли 1988 Институти кишоварзии шаҳри Самарқанд ба номи В.В. Куйбышевро бо ихтисоси зоотехния хатм намудааст ва баъдан солҳои 1988-1991 дар шуъбаи аспирантураи Институти умумииттифоқии технологӣ ва парандапарварии Федератсияи Россия таҳсил намуда, аз руйи ихтисоси зооинженер дараҷаи илмии номзади илмҳои кишоварзиро дарёфт кардааст.

Бозоров Ш.Э. фаъолияти кории худро аз соли 1992 ба ҳайси ходими хурди илмӣ дар Институти умумииттифоқии технологӣ ва парандапарварии Федератсияи Россия оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла ходими калони илмии Институти чорводории АИКТ, сармутахассиси корхонаи воҳиди «Тоҷикптисепром»-и назди Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, мутахассиси калони Иттиҳодияи истеҳсолии «Парандапарварии Душанбе», директори шуъбаи ширкати истеҳсолии ҶДММ «Доро», муовини директори генералии ширкати ҶДММ «Энергия-А», дотсенти кафедраи технологияи коркарди маҳсулоти чорводории Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, мудири кафедраи «Технологияи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (чорводорӣ)» кор кардааст.

Муаллифи зиёда аз 25 мақолаи илмӣ, 12 дастури методӣ-таълимӣ мебошад. Самти корҳои илмӣ-таҳқиқотиаш ба такмилдиҳии технологияҳои парвариш ва нигоҳдорӣ дар соҳаи чорводорӣ ва парандапарварии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида шудааст. Оид ба соҳаи парандапарварӣ 4 дастури методӣ ва мақолаҳои зиёд пешниҳод намудааст. Унвонҷӯй-докторант мебошад.  

 

Тақвим

01:07, 18th November 2019
«  Ноябр 2019  »
ЯДСЧПҶШ
12
3456789
10111213141516
17181920212223
24252627282930