Сайёдов Имомалӣ Дӯсталиевич – мудири шуъбаи аттестасионии илмҳои ҷамъиятӣ- гуманитарии Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», номзади илмҳои педагогӣ.

Сайёдов И.Д. соли 1989 факултети математикаи Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г. Шевченкоро бо ихтисоси математика-физика ва соли 2008 Академияи Вазорати корҳои дохилиро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм намудааст.

Сайёдов И.Д. фаъолияти кориашро аз соли 1989 оғоз намуда, дар вазифаҳои гуногун, аз ҷумла, лаборанти калон, аспирант, корманди хурди илмӣ, омӯзгори калон ва мудири шуъбаи низоми кредитии таҳсилоти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, дотсенти мактаби олии Вазорати корҳои дохилии ҶТ, муовини сардори факултет ва сардори шуъбаи таълими Академияи Вазорати корҳои дохилии ҶТ, дотсенти Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёнии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори Раёсати таълим ва низоми кредитии таҳсилоти Донишкадаи забонҳои ҶТ ба номи С. Улуғзода кор карда, соли 1999 рисолаи номзадиашро дар Донишгоҳи педагогии шаҳри Москва ҳимоя намудааст. Муаллифи 35 мақолаи илмӣ, 3 дастури методӣ ва 6 барномаи таълимӣ мебошад.

Сайёдов И.Д узви Ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон буда, дар Ҷумҳурии Афғонистон адои хизмат намудааст ва барои хизматҳои шоёнаш бо нишони Ситораи сурх, медалҳои Барои ҷасорат, Барои шуҷоат, Барои хизматҳои шоён ва 70-солагии Қувваҳои муссалаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз шудааст.

 

 

Тақвим

08:39, 14th December 2018
«  Декабр 2018  »
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031