Розиқзода Абдулҳакими Шералӣ – раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон», доктори илмҳои таърих, профессор.

Баъд аз хатми мактаби миёна солҳои 1977-1982  дар факултети таърихи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон таҳсил намуда, аз соли 1983 то соли 1986 дар мактаби миёнаи №7 ноҳияи Москва (Ҳамадонии кунунӣ) ва аз соли 1986 то соли 1989 дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон, Донишкадаи омӯзгории шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба омӯзгорӣ машғул будааст.

Солҳои 1989-1993 давраи аспирантураро дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон сипарӣ ва соли 1994 дар мавзӯи «Истеҳсолоти косибию ҳунармандии  Бухорои Шарқӣ  дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX»  рисолаи номзадиро ҳимоя намудааст.

Солҳои  1993-2005 дар вазифаҳои муаллим, муаллими калон, сардори кафедра, муовини аввали Сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият доштааст.

Соли 2002  рисолаи докториро дар мавзӯи «Таърихи ташкилёбӣ ва фаъолияти милитсияи Тоҷикистон» ҳимоя карда, сазовори унвони илмии доктори илмҳои таърих гардидааст. Солҳои 2006-2009 ректори Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон будааст. Аз соли 2009 то соли 2013 дар вазифаи сардори Академияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кор кардааст. Соли 2013-2015 ректори Муассисаи давлатии таълимии «Донишкадаи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» будааст.

Номбурда яке аз муҳаққиқони эътирофшудаи таърихи милитсияи Тоҷикистон ба шумор рафта, оид ба мавзӯи мақомоти ҳифзи тартиботи Ҷумҳурии Афғонистон низ якчанд мақолаҳо ба нашр расонидааст.

Муаллифи 7 монография, 3 филмнома ва зиёда аз 150 мақола оид ба таърихи касбу ҳунарҳои мардумӣ ва ҷанбаҳои гуногуни таърихи милитсияи Тоҷикистон мебошад. 

 

 

Тақвим

18:52, 18th December 2018
«  Декабр 2018  »
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031