10 марти соли 2020, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-002 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (ш. Душанбе, к. Буни Ҳисорак, толори Шӯрои диссертатсионии факултети ҳуқуқшиносӣ) ҳимояи диссертатсияи Муминзода Нозим Исмат дар мавзӯи «Танзими ҳуқуқии ҳифзи истеъмолкунандагони хизматрасониҳои таълимӣ дар соҳаи таҳсилоти олии касбӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ аз рӯйи ихтисоси 12.00.03 – Ҳуқуқи гражданӣ; ҳуқуқи соҳибкорӣ; ҳуқуқи оилавӣ; ҳуқуқи байналмилалии хусусӣ (илмҳои ҳуқуқшиносӣ) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи марказии илмии донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

06:53, 29th March 2020
«  Март 2020  »
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031