01 июли соли 2020, соати 11:00 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-012-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, Буни Ҳисорак, факултети механикаю математика) ҳимояи диссертатсияи Мӯхсинова Сабоат Маруфбоевна дар мавзӯи “Тасвири интегралӣ ва масъалаҳои сарҳадӣ барои баъзе аз муодилаҳои эллиптикӣ бо хусусиятҳои коэффисиентҳои поёнӣ дар ҳамворӣ” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рӯйи ихтисоси 01.01.02 - Муодилаҳои дифференсиалӣ, системаҳои динамикӣ ва идоракунии оптималӣ баргузор мегардад.

Бо диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ДМТ ва дар китобхонаи донишгоҳ бо нишонии 734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 17 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

19:57, 3rd June 2020
«  Июн 2020  »
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
282930