02 июли соли 2020, соати 13:30 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-005 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Қобилов Зафарҷон Закирович дар мавзӯи “Ҳамкории ҷавонони Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар сохтмони объектҳои хоҷагии халқ ва азхуд кардани заминҳои нав (солҳои 60-ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ)” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 07.00.02 - Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар китобхонаи Марказии илмии АИ ҶТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

15:16, 22nd September 2020
«  Сентябр 2020  »
ЯДСЧПҶШ
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
27282930