13 марти соли 2019, соати 14:00 дар Шўрои диссертатсионии 6D.KOA-031 назди Институти физикаю техникаи ба номи С.У. Умарови Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (734063, ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ 299/1) ҳимояи диссертатсияи Сафаров Абдулҷалол Ғафурович дар мавзўи «Таҳқиқоти шароити ташаккули думи аномалии кометаҳо» барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои физикаю математика аз рўйи ихтисоси 01.03.04 – Таҳқиқоти сайёраҳо баргузор мегардад.

Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи ИФТ ба номи С.У. Умарови АИ ҶТ ва дар китобхонаи институт бо нишонии 734063, ш. Душанбе, хиёбони Айнӣ 299/1 шинос шудан мумкин аст.

 

Тақвим

14:37, 12th December 2018
«  Декабр 2018  »
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031