25-уми ноябри соли 2016 таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон маҷлиси навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. 

Дар кори маҷлис ба ғайр аз масъалаҳои дигари муҳими давлатӣ инчунин гузориши раиси Муассисаи давлатии «Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» Абдулҳаким Розиқзода дар бораи се санади меъёрии ҳуқуқӣ – «Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои дисертатсионӣ», «Тартиби додани дараҷа ва унвонҳои илмӣ» ва «Тартиби бақайдгирии давлатии рисолаҳои илмии ҳимояшуда» шунида шуд. Санадҳои мазкур якҷоя бо намунаҳои давлатии дипломҳои доктори фалсафа (PhD), доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм, доктори илм ва шаҳодатномаҳои (аттестатҳои) дотсент ва профессор аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардиданд.

 

Тақвим

02:15, 23rd October 2019
«  Октябр 2019  »
ЯДСЧПҶШ
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031