Бо қарори Раёсати
КОА назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 25 апрели соли 2019,
 №4 тасдиқ шудааст

 

ДАСТУРАМАЛ

ОИД БА САНҶИШИ ДАРАҶАИ АСОЛАТИ МАТНИ ДИССЕРТАТСИЯ АЗ РӮЙИ БАРНОМАИ КОМПЮТЕРИИ «АНТИПЛАГИАТ»

Муқаррароти умумӣ

1. Дастурамал оид ба санҷиши дараҷаи асолати матни диссертатсия аз рӯйи барномаи компютерии «Антиплагиат» (минбаъд – Дастурамал) мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти илмӣ ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи экспертизаи илмӣ ва илмӣ-техникӣ», Низомномаи намунавӣ оид ба шӯрои диссертатсионӣ, Тартиби додани дараҷаҳои илмӣ ва унвони илмӣ (дотсент, профессор) ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, тартиби санҷиши матни диссертатсияеро, ки барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD)-доктор аз рӯйи ихтисос, доктори ҳабилитат, номзади илм ё доктори илм аз шӯрои диссертатсионӣ ба Комиссия ворид ва ба баррасӣ қабул шудааст, роҷеъ ба муайян намудани ҳиссаи маводи дар он нодуруст истифодашуда танзим менамояд.

2.  Дастурамал тарзи корбарии кормандони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Комиссия), аъзои шӯроҳои экспертӣ ва шӯроҳои диссертатсиониро дар мавриди санҷиши диссертатсия тавассути барномаи компютерии «Антиплагиат» муқаррар менамояд.

2.  Тартиби санҷиши диссертатсия

1. Санҷиши диссертатсия барои муайян намудани асардуздӣ (плагиат) ва дурустии истинодоварӣ ба маводи истифодашуда бо ёрии барномаи компютерии «Антиплагиат» амалӣ гардонида мешавад.

2. Нусхаи электронии диссертатсия ба Комиссия дар компакт-диск пешниҳод гардида, бояд ба талаботи зерин ҷавобгӯ бошад:

−  дар сатҳи ғайрикории компакт-диск насаб, ном, номи падари муаллифи диссертатсия ва рамзи ихтисос бо фломастери покнашаванда навишта ё ҳамин гуна матни чопшуда часпонида шавад;

−  парвандаҳои (файлҳои) дохили диск бояд тавассути барномаи MS Word боз шаванд;

−  ҳаҷми парвандаҳо набояд аз 10 Мбайт зиёд бошад;

−  расм, график, нақша, тасвир ва дигар иттилооти графикӣ бояд дар формати jpg ё png пешниҳод карда шавад.

3. Ҳангоми риоя нагардидани шартҳои банди 2 диск ба шӯрои диссертатсионӣ баргардонида мешавад.

4. Бахшҳои сохтории диссертатсия – «Сарсаҳифа», «Мундариҷа», «Муқаддима», «Рӯйхати адабиёти истифодагардида», истиноди поварақӣ, замимаҳо ва ҷадвалу иттилооти графикӣ санҷида намешаванд.

5. Ҳиссаи иқтибосҳои истинодшуда (ба истиснои ҳиссаи адабиёте, ки дар санҷиш то 1%-ро ташкил додаанд ва сарчашмаҳое, ки мавзӯи таҳқиқот мебошанд) набояд дар диссертатсия аз 15% зиёд ва дар якҷоягӣ бо ҳиссаи асолати диссертатсия аз 75% кам бошад.

6. Агар диссертатсия бо забони давлатӣ (тоҷикӣ) навишта шуда бошад, он гоҳ муваққатан, то мукаммал гаштани пойгоҳи додаҳои Комиссия, ба ғайр аз диссертатсия матни «Қисмати асосӣ» ва «Хулоса»-и тарҷумаи русии автореферати он низ санҷида мешавад. Дар ин маврид талаб карда мешавад, ки асолати автореферат аз 80% кам набошад.

7. Масъули Комиссия, ки диссертатсия ё автореферати онро аз санҷиш гузаронидааст, ба маълумотномаи натиҷаи санҷиш имзо мегузорад, онро дар дафтари махсус ба қайд мегирад ва ба шуъбаи аттестатсионии дахлдор месупорад

8. Натиҷаи санҷиши диссертатсия ё автореферати он бо барномаи компютерии «Антиплагиат» хусусияти тавсиявӣ дорад. Дар мавриди бештар аз 25% ҷой доштани мувофиқатҳои асардуздӣ дар диссертатсия, эксперти шӯрои экспертӣ ба ҳар як ҳолати ҷойдошта хулосаи асосноки худро пешниҳод менамояд.

9. Санҷиши диссертатсия ё автореферати он бо ёрии барномаи компютерии «Антиплагиат» музднок буда, тибқи нархномаи дахлдор ба суратҳисоби махсуси Комиссия пардохт карда мешавад.

 

Тақвим

10:13, 25th May 2019
«  Май 2019  »
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728293031