Семинар – машварат дар комиссияи олии аттестатсионӣ

11 апрел дар Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварати котибони илмии шӯроҳои диссертатсионии муассисаҳои илмию омӯзгории кишвар дар мавзӯи “Баррасӣ ва барасмиятдарории диссертатсияҳо барои дарёфти  дараҷаҳои илмӣ” баргузор гардид. Дар кори семинар- машварат 54 нафар котибони илмии шӯроҳои диссертатсионӣ иштирок намуданд.

Дар назди иштироккунандагон мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ, риёзӣ ва техникӣ номзади илмҳои техникӣ Гулаҳмадов Ҳ. оид ба баъзе паҳлуҳои баррасмиятдарории диссертатсияҳои доктори фалсафа (PhD) - доктор аз рӯйи ихтисос, номзади илм, доктори илм, авторефератҳо ва мақолаҳои илмии чопшуда доир ба мавзӯи диссертатсия суханронӣ намуда, риояи дақиқи фаслу бобҳои Дастурамали барасмиятдароии диссертатсия, автореферат ва мақолаҳои илмиро матраҳ сохта, риояи  андоза ва ченакҳои зарурии ҳуруф, ва аломатгузории  матни ҳуҷҷатҳои мазкур таваҷҷуҳи ҳозиронро ҷалб намуд.

Ҳамчунин оид  ба таъсиси пойгоҳи додаҳои Комиссия корманди бахши иттилоотию коммуникатсионӣ Ёров Меҳрдод маълумот дода, дар мавриди истифодаи он тавзеҳоти зарурӣ ироа намуд.

Сипас, мубодилаи афкор барпо гардид ва дар ҷараёни саволу ҷавоб котибони илмии шӯроҳои диссертатсионӣ аз масъулони шуъбаҳои аттестатсионии Комиссия ба саволҳои худ посухҳои қонеъкунанда гирифтанд.

Дар охир и.в. котиби илмии Комиссия номзади илмҳои кишоварзӣ Бозоров Ш. семинар – машваратро ҷамъбаст намуда, иброз дошт, ки чорабинӣ барои ҳар ду тараф – ҳам котибони илмии шӯроҳои диссертатсионӣ ва ҳам барои кормандони шуъбаҳои аттестатсионии Комиссия, ки ба барасмиятдарории диссертатсияҳо ва авторефератҳо машғуланд, хеле муфид буда, минбаъд барои фаъолияти бенуқсони шӯроҳои диссертатсионӣ ва баланд гардидани сифати барасмиятдарории  ҳуҷҷатгузории таҳқиқоти  диссертатсионӣ мусоидат хоҳад намуд.

Қобили қайд аст, ки Комиссия олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ниҳоди навтаъсис (соли 2014) буда, фаъолияти худро баъди аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидани Низомномаи Комиссия ҳуҷҷатҳои асосии меъёрии ҳуқуқӣ ва ташкил ёфтани Раёсати Комиссия, амалан аз соли 2016 оғоз намуд.

Алҳол дар муассисаҳои илмӣ ва илмию омӯзгории кишвар 49 шӯроҳои диссертатсионӣ дар самтҳои гуногуни илм амал мекунанд, ки то ибтидои соли равон дар онҳо 117 диссертатсияи номзадӣ, 17 диссертатсияи докторӣ ҳимоя шудаанд.

Ҳамчунин ба 108 нафар довталабон унвони илмии дотсент ва 13 нафар унвони илмии профессор дода шуд. Инчунин баробарарзиши 28 ҳуҷҷатҳои дараҷаҳои илмии дар кишварҳои хориҷӣ дарёфтгардида бо ҳуҷҷатҳои дараҷаҳои илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардида, ҳуҷҷатҳои дахлдор содир карда шуд. Ҳамчунин дар назди Комиссия 16 шӯроҳои экспертӣ дар самтҳои гуногуни илм фаъолият доранд.

Ҳоло дар шуъбаҳои аттестатсионии Комиссия як теъдод парвандаҳои диссертатсионӣ ва бастаи ҳуҷҷатҳо барои дарёфти унвонҳои илмӣ мавҷуданд,  ки баъди баррасӣ ва арзёбии онҳо ба довталабону унвонҷӯён диплому шаҳодатномаҳои дахлдор дода мешаванд.

 

Муовини раиси КОА,
профессор Комилиён Ф.С.

Замима

 

Тақвим

00:24, 10th December 2019
«  Декабр 2019  »
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031