Ба диққати раисони шӯроҳои экспертӣ (ШЭ) расонида мешавад, ки муҳлати охирони қабули ҳисоботи солонаи шӯроҳо барои соли 2019 санаи 5 январи соли 2020 муайян шудааст.

Хоҳиш карда мешавад, ки ба хотири сари вақт омода намудани ҳисоботи солонаи Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешкаш намудани он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъан то санаи муқарраршуда, тибқи талаботи нақшаи зерин ҳисоботҳои шӯроҳо омода ва ба КОА расонида шавад:

  1. Миқдори диссертатсияҳои баррасишуда тибқи ҷадвали зерин:
  2. Хулосаҳои таҳлилӣ вобаста ба диссертатсияҳои беҳтарин ва сифатан пасти дар давоми сол баррасишуда аз рӯйи мубрамияти мавзӯи таҳқиқотӣ, навгонии илмӣ, хулосабарориҳои илмӣ, пешниҳодот оид ба татбиқи натиҷаҳо дар истеҳсолот, асолати матни диссертатсия, сифати забони илмии кор, имло, грамматика, риояи талаботи техникӣ ва барасмиятдарории он тибқи талаботи низомномаҳо ва дастурамалҳои КОА.
  3. Риояи талаботи низомномавӣ аз тарафи шӯроҳои диссератсионӣ (ШД) вобаста ба таъйин намудани экспертони дохилии ШД, муқарризони расмӣ ва муассисаи муқарриз.
  4. Хулосаҳо ва пешниҳоду таклифҳо оид ба беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти ШЭ, ШД ва КОА. 

 

Тақвим

06:54, 11th December 2019
«  Декабр 2019  »
ЯДСЧПҶШ
1234567
891011121314
15161718192021
22232425262728
293031