14 апрели соли 2017 соати 1400 маҷлиси кории КОА бо намояндагони Вазорати маориф ва илм, Академияи илмҳо, академияҳои соҳавӣ, муассисаҳои илмӣ ва макотиби олии ҷумҳурӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис раиси КОА Розиқзода А.Ш. ҳозиринро ба фаъолияти КОА ба таври мухтасар ошно намуд. Сипас, аз рӯйи рӯзномаи маҷлис муовини раис Комилиён Ф.С., котиби илмӣ Халилов Ш.Б. ва корманди КОА Шарифов Ҷ. оид ба мавзӯъҳои шӯроҳои диссертатсионӣ ва ташхис, дар бораи додани унвонҳои илмӣ (дотсент, профессор), дар бораи Феҳристи маҷаллаҳои (нашрияҳои) илмии тақризшавандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон суханронӣ намуданд.

Ноиби президенти АИ ҶТ Муъминов Ҳ., мудири шуъбаи МТС назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонов А.Ш., директори Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши АИ ҶТ, доктори илмҳои таърих Зикриё Акрамӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб Табаров А., ноиби ректори ДМТ профессор Сафармамадов С., ноиби ректори Донишкадаи санъат ва фарҳанг Амиров С. ба музокира баромада, оид ба паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти КОА ибрози назар намуданд ва ба фаъолияти босамари минбаъдаи он хостгори комёбиҳо шуданд.

Зимни саволу ҷавоби кормандони КОА ва ҳозирини толор мубодилаи афкори муфид барпо гардида, ба ҳамаи саволҳо посухҳои қонеъкунанда ироа гардид.

Маҷлис дар фазои ҳусни тафоҳум баргузор шуд.

 

Тақвим

02:51, 23rd October 2019
«  Октябр 2019  »
ЯДСЧПҶШ
12345
6789101112
13141516171819
20212223242526
2728293031