21 сентябри соли равон дар КОА назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон семинар-машварат бо иштироки намояндагони муассисаҳои илмию мактабҳои таҳсилоти олӣ ва намояндагони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ ду нафар кормандони масъули Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия - Барот Расулӣ ва Нигора Аминзода иштирок ва суханронӣ намуданд.

Аз рўйи масъалаҳои рӯзномаи семинар-машварат муовини раиси КОА Комилиён Ф.С. ва котиби илмӣ Халилов Ш.Б. гузориш доданд.

Дар саволу ҷавоб Ҷӯраева З. - котиби илмии шӯроҳои диссертатсионии ДМТ, Юнусӣ М. - доктори илмҳои физикаю математика, Мӯъминов Ҳ.Ҳ. – ноиби президенти АИ ҶТ, Рофиев Ҳ. профессори ДДТТ иштирок намуданд.

Семинар-машваратро раиси КОА Розиқзода ҷамъбаст карда, ба ҳозирин изҳори сипос намуд.

 

Тақвим

05:47, 7th August 2020
«  Август 2020  »
ЯДСЧПҶШ
1
2345678
9101112131415
16171819202122
23242526272829
3031