ТАВАҶҶУҲ!

Рӯзи 20.01.2021 дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки аъзои Раёсат, намояндагони Вазорати маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо, Агентии назорат дар соҳаи маорифи назди Президенти ҶТ, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҶТ ва Кумитаи амнияти миллӣ маҷлиси ҷамъбастию ҳисоботии Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Маҷлис бо иштироки раисони шуроҳои диссертатсионӣ ва экспертӣ доир гардида, дар он тамоми паҳлуҳои фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор дода шуд. Дар рафти ҷаласа намояндагони сохторҳои номбаршуда ва олимони кишвар ба музокира баромада, ба фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли  2020 баҳои қаноатбахш доданд. Дар маҷлис инчунин нақшаи фаъолияти Комиссия ва вазифаҳои он дар соли 2021 тасдиқ карда шуд.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

07:36, 3rd March 2021
«  Март 2021  »
ЯДСЧПҶШ
123456
78910111213
14151617181920
21222324252627
28293031