ТАВАҶҶУҲ!

Санаи 19 феврали соли равон раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доктори илмҳои таърих, профессор Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ ва котиби илмии ин муассиса, номзади илмҳои кишоварзӣ Бозоров Шарифҷон Эмомалиевич бо сафари корӣ ба шаҳри Кӯлоб рафтанд. Дар доираи сафари корӣ бо мақсади амалӣ намудани нақша чорабиниҳо оид ба таблиғи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ҳамоиш бо иштироки аъзои Шӯрои олимон, устодони донишгоҳ, аспирантон, унвонҷӯён ва магистрантон баргузор гардид.

Ҳамоишро ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб профессор Мирализода Абдусалом Мустафо кушода меҳмононро ба аҳли нишаст муаррифӣ намуд.

Сипас, раиси Комиссияи олии аттестатсиони Розиқзода Абдулҳаким Шералӣ суханрони намуда, нуқтаҳои асосии Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳозирин вобаста ба тарбияи кадрҳои баландихтисос ташреҳ доданд. Ҳамчунин, пиромуни вижагиҳои ҳимояи диссертатсияҳои пажӯҳишгарон изҳори ақида намуд.

Раиси Комиссия оид ба фаъолияти КОА, таҳрири нави санадҳои меъёрии ҳуқуқии муассиса, тартиби таъсиси Шӯроҳои диссертатсионӣ дар назди муассисаҳои илмию таҳсилотӣ, интихоби ихтисос, мубрамияти мавзӯи кори илмӣ, таъйини роҳбарони илмӣ, муқарризон ва ғайра мухтасар маълумот дода, дар зимни сӯҳбати озод ба саволҳои ҳозирин ҷавобҳои қонеъкунанда дод.

Дар ҷараёни ошноӣ бо тартиби барасмиятдарории парвандаҳои аттестатсионии довталабони унвонҳои илмӣ ва ҳуҷҷатгузории Шӯрои олимон ба масъулин ёрии методию амалӣ расонида шуд.

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

18:20, 12th April 2021
«  Апрел 2021  »
ЯДСЧПҶШ
123
45678910
11121314151617
18192021222324
252627282930