- Пурра
-
Санаи нашр: 09. Июл 2019
-
736
28 ноябри соли 2019, соати 13:30 дар Шӯрои диссертатсионии 6О.КОА-005 дар Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон (734025, ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ, 33, маҷлисгоҳ) ҳимояи диссертатсияи Бобоҷонова Назира Иномҷоновна дар мавзӯи “Таърихи рушди касби чеварии тоҷикон дар асрҳои XV - нимаи аввали асри XX” барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои таърих аз рӯи ихтисоси 07.00.07 - Мардумшиносӣ, қавмшиносӣ ва антропология баргузор мегардад.
Бо матни диссертатсия ва автореферати он тавассути сомонаи Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи А.Дониши АИ ҶТ ва дар китобхонаи марказии илмии АИ ҶТ бо нишонии 734025 ш. Душанбе, х. Рӯдакӣ, 33 шинос шудан мумкин аст.






