ТАВАҶҶУҲ!

Таърихи 6 октябри соли равон таҳти раёсати раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъдКомиссия) Розиқзода А.Ш. тибқи нақшаи кории Комиссия барои соли 2022 бо иштироки муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷӯразода Ҷ.Ҳ. ва роҳбарияти шӯроҳои экспертӣ машварати корӣ баргузор гардид.

Дар машварат баъзе масъалаҳои мубрам ва муҳим вобаста ба фаъолияти шӯроҳои экспертӣ дар раванди баррасии диссертатсияҳои довталабони дарёфти дараҷаҳои илмӣ, парвандаҳои аттестатсионии довталабони унвони илмии профессор ва сатҳу сифати хулосаҳои экспертони холис мавриди муҳокима қарор гирифтанд. Вобаста ба баъзе мушкилоти ин раванд ва роҳҳои ҳалли он байни ҷамъомадагон баҳсу мунозираҳои муфид сурат гирифт. 

Дар ҷараёни машварат аз ҷониби роҳбарияти Комиссия риояи қатъии санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳа таъкид гардида, ба ҳамаи саволҳои бамиёномада ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд. 

Мубодилаи афкори муфид сурат гирифта, дар фарҷом нақшаи фаъолияти минбаъдаи босамари шӯроҳои экспертӣ мураттаб гардид.

 

 

Пойгоҳи додаҳои КОА

Пойгоҳи додаҳои КОА

Тақвим

14:34, 4th February 2023
«  Феврал 2023  »
ЯДСЧПҶШ
1234
567891011
12131415161718
19202122232425
262728